Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик дар дастаи “Иртиш” аз санҷиш мегузарад


Давронҷон Эргашев
Давронҷон Эргашев

Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари 24-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе, барои санҷиш ба бошгоҳи «Иртиш»-и Павлодар даъват шудааст.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Давронҷон Эргашев дар ҳамин ҳол дар ҳайати бошгоҳи “Иртиш”, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаина дар Туркия мебошад, машқ мекунад ва ҳамзамон аз санҷиш мегузарад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар он ҷо ӯ бо бошгоҳи “Иртиш” қарордод бандад.

Дарвоқеъ, дастаи «Иртиш» соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон ҷойи дувумро гирифт ва ҳуқуқ пайдо кард, ки тобистони соли равон дар Лигаи Аврупо аз даври интихобӣ ширкат намояд.

Бояд тазаккур дод, Давронҷон Эргашев дар дастаи «Истиқлол» аз моҳи январи соли 2011-ум бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” ду сол пеш қаҳрамони Тоҷикистон гардида, барандаи Ҷоми раиси АФК-2012 мебошад. Ҳамчунин вай ду бор (солҳои 2011, 2012) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, порсол барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG