Пайвандҳои дастрасӣ

МН санади узвияти Тоҷикистон дар СҶТ-ро тасвиб кард


Парлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршабе дар ҷаласаи навбатии худ санади узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии Тиҷоратро бо аксарияти оро ба тасвиб расонд.
Ба ҷонибдории ин санад 58 тан аз вакилон раъй дода ва танҳо як вакил раъйи мухолиф додааст. Рӯзи 10-уми декабри соли 2012 созишномаи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) ба имзо расид ва ин кишвар 159-умин узви хонаводаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шуд. Тоҷикистон 29 майи соли 2001 дархости узвият ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ кард ва пас аз музокироти 11-сола ба ин созмон пайваст.
XS
SM
MD
LG