Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳамлаи сарбозони афғон ба нерӯҳоямон, нигаронем"


Мақомоти Нерӯҳои байналмилили кӯмаки амниятӣ (ISAF) дар Афғонистон мегӯянд, ки ҳамла аз сӯи нерӯҳои афғон ба сарбозони хориҷӣ, нигаронкунанда мебошад.

Ҳамлаи як фард бо либоси низомиёни афғон ба сӯи сарбозони бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд дар рӯзи сешанбе, нахустин ҳамла аз ҷониби нерӯҳои афғон ба сӯи сарбозони нерӯҳои байналмилилӣ дар соли 2013 ба шумор меравад.

Сухангӯи ISAF мегӯяд, ки ин гуна ҳамлаҳо ба унвони як таҳдид дар баробари нерӯҳои онҳо дар Афғонистон мебоашд ва нисбат ба он ҳанӯз ҳам нигаронанд.

Генерал Гунтер Катз, рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки таҳқиқот дар хусуси чигунагии ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи сарбозони бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд, оғоз шудааст. Тибқи иттилои расонаҳо, дар ин ҳодиса як сарбози бритониёӣ кушта ва шаш тани дигар захм бардоштаанд.

Сухангӯи ISAF дар нишасти хабарии рӯзи сешанбеи худ дар Кобул гуфт, ки дар соли 2011-и мелодӣ 21 ҳамла ва дар соли гузашта 45 ҳамла аз сӯи нерӯҳои афғон ба сарбозони хориҷӣ мустақар дар Афғонистон, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Катз, дар натиҷаи он 35 аскари байналмилӣ дар соли 2011 ва 61 тан дар соли 2012 ҷон бохтаанд. Мақомҳои ISAF мегӯянд, ки дар маҷмӯъ соли гузашта дар Афғонистон 278 тан аз сарбозони хориҷӣ кушта шудаанд.

Аммо ISAF дар маҷмӯъ соли 2012-ро барои нерӯҳои афғон ва байналмилалӣ дар ҷанг бо мухолифони мусаллаҳ, соли пур аз дастоварҳо хонд. Сухангӯи ISAF бори дигар ба идомаи ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нерӯҳои афғон таъкид кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки ин нерӯҳои тавоноии гирифтани ҳама масъулиятҳои амниятии кишварашонро то миёнаҳои соли ҷории мелодӣ доранд
XS
SM
MD
LG