Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми пуштибонҳои ифротиҳои узбак дар Фаронса


Додгоҳи Фаронса 9 нафарро бо ҷурми доштани равобит бо гурӯҳи узбакии ҳампаймони ал-Қоида зиндонӣ кард. Ирфон Демиртош, ки раҳбари ин ҳалқаи ифротгаро арзёбӣ мешавад, ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Бар илова ӯ бояд 20 ҳазор евро ҷарима супорад ва баъди ҳабс аз сафар ба Фаронса худдорӣ варзад. Демиртоши 53-сола шаҳрванди Туркия ва Ҳолланд аст. Афроди боқимондаи ин гурӯҳ то се солро дар маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Нуҳ нафари ёдшуда бо иттиҳоми ҷамъоварии пул барои Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шуда буданд. Ҳангоми муҳокима дар додгоҳ вакилони мудофиаи ин гурӯҳ исрор меварзиданд, ки пул бо ҳадафҳои башардӯстона ба монанди қурбонии чорво ҷамъоварӣ мешуд.
Ин гурӯҳ чор сол пеш дар як амалиёти муштараки полиси Фаронса, Олмон ва Ҳолланд дастгир шуда буд. Нафари даҳуми ин гурӯҳро додрас бегуноҳ номид.
XS
SM
MD
LG