Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости эълони сабаби марги Биҳиштӣ


Саттори Биҳиштӣ
Саттори Биҳиштӣ
Модари блогнависи эронӣ, ки дар зиндон ба ҳалокат расидааст, аз мақомоти ҷумҳурии исломӣ даъват кард, натиҷаи таҳқиқи марги писарашро эълон кунанд. Гавҳар Ишқӣ, модари Саттори Биҳиштӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот иҷозат надоданд, ки ӯ ҷасади фарзандашро бубинад. Ӯ мақомотро бо шиканҷаи писараш дар зиндон муттаҳам кард. Рӯзи шашуми январ парламенти Эрон таҳқиқи хоси марги Биҳиштиро талаб кард. Биҳиштии 35-сола 30-уми октябр дар хонааш дар минтақаи Работ Карим ба хотири фаъолиятҳояш дар интернет боздошт шуда буд. Чанд рӯз баъди шикоят аз шиканҷааш дар зиндон ӯ ҳалок шуд. Шашуми ноябр ба аъзои оилаи Биҳиштӣ хабар доданд, ки ӯ вафот кардааст. Баъди марги Биҳиштӣ чанд масъули эронӣ ба ҳабс гирифта шуданду раиси полиси кибернетикӣ, ки боздошти Биҳиштиро фармон дода буд, аз мансаб барканор шуд.
XS
SM
MD
LG