Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоиза барои маълумот дар бораи қотилони дипломат


ИМА барои маълумоте, ки ба боздошти ду фарди муттаҳам дар куштори дипломати амрикоӣ кумак хоҳад кард, 10 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст. Рӯзи сешанбе департаменти давлатии ИМА Абдулбасит ал-Ҳаҷ ал-Ҳасан Ҳаҷ Ҳамад ва Муҳаммад Макавӣ Иброҳим Муҳамадро, ки тибқи айбнома панҷ сол пеш дар Судон як дипломати амрикоиро ба қатл расондаанд, “террористони байналмилалӣ” эълон кард. Бо ин амал ҳисобҳои бонкии онҳо дар қаламрави ИМА баста мешаванду шаҳрвандони Амрико ҳақ надоранд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Абдулбасит ва Макавӣ ҳамроҳ бо ду нафари дигар бо ҷурми куштори дипломати амрикоӣ Ҷон Гранвил ва ронандаи ӯ дар шаҳри Хартум дар таърихи якуми январи соли 2008-ум ба марг маҳкум шуда буданд. Аммо дар соли 2010-ум Абдулбасит ва Макавӣ тавассути лӯлаи партобҳо аз зиндони миллии Судон фирор кардаанду то ҳанӯз макони буду боши онҳо маълум нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG