Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби Узбакистон - дастаи "одилона"-и сол


Лаҳзае аз қувваозмоии дастаҳои футболи Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Турсунзода

Лаҳзае аз қувваозмоии дастаҳои футболи Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Турсунзода

Рӯзи душанбе замоне, ки Лионел Мессӣ бори чаҳорум ба гирифтани “Тӯби тилоӣ”-и Иттиҳодияи байналмилалии футбол (FIFA) муваффақ шуд, мунтахаби футболи Узбакистон ҷоизаи “Ҳунарнамоии одилона”( Fair Play Award)-и Иттиҳодияи байналмилалии футболро ба даст овард.

Ҷоизаи мазкур ба хотири қадрдонии ҳунарнамоии хуби футболбозон дар майдон ва ҳамчунон рафтори шоёни таҳсини ҳаводорони футбол тақдим мешавад. Ба қавли FIFA дастаи футболи Узбакистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё одилона ҳунарнамоӣ кардааст.

Тибқи дастури FIFA ҳангоми ташхиси барандаи ҷоизаи “Ҳунарнамоии одилона” кортҳои зард ва сурх, яъне ҳушдорҳо ва ихроҷи футболбозон дар мусобиқа, эҳтиром ба меҳмонон ва дастаҳои рақиб ва рафтори ҳаводорони футбол дар варзишгоҳ ва берун аз он ҳисоб мешаванд.

Имсол барои ҷоизаи “Ҳунарнамоии одилона” мунтахаби Узбакистон бо мунтахаби Гватемала ва дастаи туркии Эскисеҳспор пешбарӣ шуда буданд.

Рӯзи душанбе дар маҷлиси ботантанаи FIFA ҷоизаи “Ҳунарнамоии одилона”-ро ба раиси Иттиҳодияи футболи Узбакистон Мираброр Усмонов тақдим карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG