Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби душвор миёни Аврупо ва Авру-Осиё


Нишасти матбуотии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукии Авру-Осиё дар Маскав (декабри соли 2011)

Нишасти матбуотии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукии Авру-Осиё дар Маскав (декабри соли 2011)

Ташаббуси президенти Русия дар мавриди бунёди Иттиҳоди гумрукии Авру-Осиё ҷамоҳири собиқ Шӯравиро дар рӯ ба рӯи интихоби ҳассос қарор додааст.

Ба назар мерасад, Кремл аз талошҳои ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ, ки ҳам дар пайи узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ҳастанду ҳам дар пайи гирифтани имтиёз аз Русия зиёд хушҳол нест.

Ҳафтаи гузашта мансабдори вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Горбан бо ишора ба иқдомҳои Украина, ки ҳам дар пайи имзои қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо асту ҳам дар пайи дарёфти имтиёзҳои ихтисосии аъзои Иттиҳодияи гумрукии Авру-Осиё гуфт, “зан каме ҳомила буда наметавонад”.

Иттиҳодияи гумрукии Авру-Осиё яке аз ташаббусҳои асосии президенти Русия Владимир Путин дар сиёсати хориҷии ин кишвар аст, ки тибқи нақша бояд то ибтидои соли 2015-ум ба Иттиҳоди иқтисодии Авру-Осиё табдил ёфта, бо мурури замон бо Иттиҳодияи Аврупо рақобат намояд.

Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Молдова ва Украина дар рӯ ба рӯи интихоби душвор қарор гирифтаанд, яъне дар давоми ду соли оянда бояд ҳамкорӣ бо яке аз ин созмонҳоро пазируфта, аз имтиёзҳои дигараш даст кашанд. Ин нуқтаи назарро Майя Косанчич-сухангӯи Кэтрин Эштон, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ мекунад. Ба қавли Косанчич Арманистон нахоҳад тавонист, ки ҳам узви Иттиҳоди иқтисодии Авру-Осиё бошаду ҳам дар пайи ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо:

“Агар Арманистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дохил шавад, ин кишвар нахоҳад тавонист, бо Иттиҳодияи Аврупо Қарордоди тиҷорати озоди дутарафа ба имзо расонад, зеро дар Иттиҳоди гумрукӣ сиёсати тиҷорати кишварҳои узв муштарак асту як кишвар наметавонад бо хоҳиши худ ва истиқлоли комил сиёсати тиҷорати хориҷиашро муқаррар кунад.”

Иттиҳоди гумрукии Авру-Осиё дар давоми ду соли ахир ба қадри қобили мулоҳиза тавсеа ёфтааст. Ҳоло Русия, Қазоқистон ва Беларус узви Иттиҳоди гумрукии Авру-Осиё буда, Кремл ба ҳайси ташаббускор ва ба истилоҳ “пешво”-и ин иттиҳод ба тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ даъватномаи узвият дар Иттиҳоди гумрукиро ирсол намудааст.

Пажӯҳишгари донишгоҳи Бирмингеми Британия Катярина Волчук мегӯяд, дар муқоиса бо дигар барномаҳои ҳамоиши ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ Иттиҳоди гумрукӣ ҷиддитар ба назар расида, Русия барои ташвиқи кишварҳо ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ аз захираҳои саршори маводи сӯхташ истифода мебарад. Волчук меафзояд, ки Маскав иҷрои қарордодҳои Иттиҳоди гумрукиро пайгирона назорат намуда, мутобиқ ба он иқдом менамояд.

Яке аз довталабҳои эҳтимолии узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ Тоҷикистон номида мешавад. Вале раиси Маркази ғайридавлатии бозори озод, воқеъ дар шаҳри душанбе, Константин Бондаренко мегӯяд, барои Тоҷикистон эҳтимол узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ интихоби беҳтарин набошад, зеро вуруди мол ба Тоҷикистонро маҳдуд ва гаронтар хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунон таъкид мекунад, ки ҳадафи аслии ташкил ин иттиҳод аз сӯи Кремл дарёфти бозор барои моли камхаридори Русия аст. Бондаренко Қирғизистонро мисол оварда, мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳам метавонад бидуни узвият дар созмонҳои зери нуфузи Кремл тавассути қарордодҳои дуҷониба ҳам ба бозори маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ ва ҳам барои муҳоҷирони корӣ ба бозори шуғли Русия роҳ ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG