Пайвандҳои дастрасӣ

Наздик ба 100 ҷойи кор дар бахши вилоятии ширкати «Тоҷиктелеком» дар Бадахшон ихтисор шудаанд, ки ба гуфтаи масъулон ба вазъи молии ширкат бастагӣ дорад.

Намояндагони ширкати "Тоҷиктелеком" мегӯянд, зиёда аз 150 000 сомонӣ маоши кормандон пардохта нашудааст ва зарурати коҳиши ҷиддии хароҷоти ин ширкат пеш омадааст.

Қисме аз собиқадорони ширкат, ки акнун, ба истилоҳ, “дар кӯча” мондаанд, вазъи феълиро амалан варшикастагии «Тоҷиктелеком» дар вилоят унвон мекунанд ва мегӯянд, ин ҳолат дар натиҷаи заъфи роҳбарии Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ ба миён омадааст. Аммо, тавре Мунир, як корманди ширкат, ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарият ҳамаро якбора аз кор озод накарда, нисфе аз ихтисоршудагонро ба бригадаи рақами 2 шомил кард, то ба ҷамъоварии қарзи муштариён машғул шаванд. Вале ин кормандон низ нигаронанд, ки пас аз рӯёнидани қарзҳо бекор мемонанд, зеро ширкат мехоҳад, аз ҳисоби ихтисори кормандон вазъи молии худро беҳтар кунад. Онҳо мегӯянд, раҳбарияти «Тоҷиктелеком» натавонистааст, ба ниёзҳои бахши вилоятии худ дар шароити нав расидагӣ кунад.

Аммо масъулони «Тоҷиктелеком» густариши хизматрасонии ширкатҳои мобилиро дар минтақа омили асосии муфлисшавии ин ҷамъияти саҳҳомӣ ва ихтисори кормандонашон медонанд. Азизшо Сайфиддинов, иқтисодчии ҷамъияти саҳҳомӣ, изҳор дошт: “Бег Зуҳуров гунаҳкор нест. Дар ин ҷо панҷ ширкати хусусӣ ба монанди Индиго, Билайн, фаъолияnи кори худро пурзӯр намудаанд. Дар натиҷаи ин рақобатҳо, "Тоҷиктелеком" қисмати зиёди бозори алоқаи байнишаҳриро аз даст дод ва ҳаҷми хизматрасонии мо паст шуда истодааст.”

Дар ҳамин ҳол дар хонаи зиёда аз 300 муштарӣ телефонҳои бесим бекор хобидаанд. Ба гуфтаи сармуҳандиси бахши вилоятии «Тоҷиктелеком», Зафар Буттабеков, вайрон шудани дастгоҳи барномасозии телефонҳои бесим муштариёнро аз ин намуди хизматрасонӣ маҳрум карда, муроҷиаташон ба мудирияти кулли «Тоҷиктелеком» дар мавриди кӯмаки техникӣ то ба ҳол беҷавоб мондааст: "Шабакаи телефонии бесимро мутахасисони чинӣ дар соли 2007 шинонданд ва мутахассисони ватаниамонро дар ин соҳа тайёр накарда буданд.”

Ба иттилои манобеъ тайи солҳои охир муштариёни «Тоҷиктелеком» дар минтақа зиёд нашудаанд. Бинобар куҳнаю фарсуда будани хатҳои алоқа телефонҳои зиёда аз 2 ҳазор муштарӣ дар вилоят кор намекунанд. Ширкатҳои интернетии минтақа аз сифати пасти робита аз тариқи хатти нахӣ-нурӣ шикоят мекунанд, ки тез-тез вайрон мешаванд ва истифодабарандагони интернетро ба мушкил дучор месозад. Мутахассисони ҷамъияти саҳҳомӣ мегӯянд, ки қаблан бо исрори роҳбарият, маҷбур шуданд, ки сими 22 километраи нахӣ-нурии байни Хоруғ ва Мурғоб, ки аз Белорус ворид шуда, нуқси истеҳсолӣ дошт, муваққатан насб кунанд. Вале бо гузашти ин ҳама муддат зарурати иваз кардани ин сими дорои нуқсони техникӣ ба ёди касе наомадааст.

Бархе аз кормандон ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ бар инанд, ки танг шудани ҷойи «Тоҷиктелеком» ба густариши бозори онҳо кӯмак хоҳад кард. Вале онҳо низ иқрор мекунанд, ки ин ширкат тавони кофии молӣ дорад, то каму костиҳои фанниро бартараф ва мақоми худро дар бозор ҳифз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG