Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ибодӣ хостори боздиди масъулони ЮНИСЕФ аз зиндонҳои Эрон шуд


Ширин Ибодӣ

Ширин Ибодӣ

Барандаи ҷоизаи Нобел ва мудофеи ҳуқуқи башар аз масъулони ЮНИСЕФ хостааст, аз зиндонҳои Эрон боздид кунанд.

Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобел ва мудофеи ҳуқуқи башар, дар як номаи расмӣ аз масъулони ЮНИСЕФ (UNICEF), Бунёди атфоли Созмони Милал, хостааст, бо боздид аз зиндонҳои Эрон вазъияти кӯдакон дар зиндонҳои ин кишварро баррасӣ кунанд. Хонум Ибодӣ дар номаи худ мегӯяд, масъулони ЮНИСЕФ бояд иҷрои тааҳҳудоти Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро ба мақомоти ҷумҳурии исломӣ бори дигар ёдовар шаванд.

Эрон гарчӣ аз ҷумлаи имзокунандагони Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак аст, аммо дар чанд соли гузашта ҳамвора ба далели нақз ва зери по гузоштани тааҳҳудоти худ дар ин замина ҳадафи интиқоди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ будааст.

Ширин Ибодӣ дар номаи расмии худ ба мудири иҷроияи ЮНИСЕФ, ба вижа ба вазъияти нигаронкунандаи ду кӯдак, яке шашмоҳа ва дигаре яксола, дар зиндони Симнон ишора кардааст, ки модаронашон ба "ҷурми ақидатӣ" дар ҳабс ҳастанд. Дар ин нома, ки нусхаи он ба Дабири кулли Созмони Милал ва ҳамчунин гузоришгарони ин созмон барои Эрон ирсол шудааст, омада, ки ин ду кӯдаки хурдсол ба иллати шароити номусоиди зиндон ба бемориҳои уфунӣ ва гӯш мубтало шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, илова ба ин ду кӯдак, дар зиндони Симнон ҳафт кӯдаки дигар ҳам ба сар мебаранд, ки "ҳамагӣ дар шароити номусоиде аз ҷиҳати ғизо, беҳдошт, дармон ва дастрасӣ ба фазои озод ҳастанд." Ин дар ҳолест, ки Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башар, мегӯяд, мақомоти зиндонҳо ва додгоҳҳо дар Эрон ҳамвора даъвати ӯро дар мавриди таъсиси марказҳое дар канори зиндонҳо барои нигаҳдории муносиб аз кӯдакон нодида гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG