Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО бо нашри баёнияе гуфтанд, нерӯҳои маҳаллӣ як сарбози хориҷии дигарро куштаанд. Дар баёнияи имрӯза омадааст, ки “як фарде, ки либоси сарбози Артиши Миллии Афғонистонро ба тан дошт, як сарбози нерӯҳои байналмилалиро дар ҷануби Афғонистон кушт.” Маъмурони пулиси афғон гуфтанд, дасти кам се сарбози дигари хориҷӣ дар ин тирандозӣ захмӣ шудаанд. Ҳодиса дар ноҳияи Гиришк воқеъ дар вилояти Ҳилманд ба вуқӯъ пайвастааст. Таҳқиқи муштараки ҳодиса идома доштааст.
XS
SM
MD
LG