Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасони фаронсавӣ мунтазири Жерард Депардйе


Қарор аст, имрӯз Жерард Депардйе, ҳунарманди шинохтаи фаронсавӣ барои эъломи иттиҳоми ронандагӣ дар ҳолати сархушӣ ба додгоҳ ҳозир шавад. Худи ҳунарманд ин иттиҳомотро эътироф кардааст. Моҳи ноябри соли гузашта, Жерард Депардйе ҳангоми ронандагӣ аз мотосикл афтод ва баъдан муайян карданд, ки ӯ аз меъёр се маротиба бештар машруб хӯрдааст. Муҳокимаи ӯ дар замоне сурат мегирад, ки Жерард Депардйе ба нишони эътироз аз молиёти зиёд барои сарватмандон дар кишвараш, ҳаққи шаҳрвандии Русияро дархост кард. Охири ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия худаш шиносномаи русиро ба Жерар Депардйе супурд. Дар сурати ҳозир нашуданаш ба додгоҳ ин ҳунармандро метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд.
XS
SM
MD
LG