Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозхонди 3 литсензия аз ширкатҳои иктишофи маъдан дар Тоҷикистон


Азим Иброҳим, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки се иҷозатномаи қаблан ба ду ширкати байналмиалии иктишофи маъдан додаашро, бозхонд кунад.

Азим Иброҳим афзуд, ки ду муҷаввиз барои иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистон ба ширкати МАРВИС-и Сингапур дода шуда буд, аммо ба далели нокифоягии тарҳи мукамал барои кашфу иктишофи нафту газ дар вилояти Хатлон, бозхонда хоҳад шуд. Сарфи назар аз тамосҳои мукаррари Идораи геологияи Тоҷикистон, дар масъалаи шеваи кор дар Тоҷикистон, ширкати мазкур вокуниш нишон надодааст.

Ширкати дигар «Сенержӣ»-и Чин мебошад, ки барои коркарди санги мармар муҷаввиз дарёфт карда буд, аммо ба далели таъхир дар оғози кор, аз тарафи Саридораи геология бозхонда шуд.

Азим Иброҳим, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, ки мувофиқи қонунугузориҳои Тоҷикистон, дарёфти муҷаввиз ва ҳам ҷараёни бозхонди он бисёр тӯлонӣ ва марҳиладор аст, аз ин рӯ ин ниҳод ба додгоҳ муроҷиат карда, аз тариқи он қарордоди ҳамкориро бекор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG