Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи ҷанҷол дар Сӯхи Ӯзбакистон шурӯъ мешавад


Мақомоти Қирғизистону Ӯзбакистон гуфтаанд, ки қазияи гаравгонгирӣ дар ноҳияи Сӯхро ҳамроҳ тафтиш хоҳанд кард. Намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду тараф сари ин масъала шоми душанбе зимни мулоқот дар Сӯх ба мувофиқа расидаанд. Сокинони ноҳияи Сӯх ва марзбонони қирғиз рӯзи якшанбе сари як қитъаи замин бо ҳам даргир шуданд. Дасти кам се шаҳрванди Ӯзбакистон захм бардоштанд ва як маъмури пулиси Қирғизистонро низ башиддат латукӯб кардаанд. Баъди ин 30 шаҳрванди Қирғизистонро дар Сӯх гаравгон гирифта ва рӯзи душанбе раҳо карданд. Сӯх як ҷазирақаламрави Ӯзбакистон дар Қирғизистон аст, ки аксарияти сокинонаш тоҷиконанд.
XS
SM
MD
LG