Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон 8 ситезаҷӯро куштанд


Дар ҳамлаҳои ҷудогонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар маҳаллҳои қабоилнишини Покистон дасти кам 8 нафар кушта шудаанд. Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ҳавопаймоҳо субҳи сешанбе ба паноҳгоҳи ҷангҷӯён дар рустои Ҳайдархел дар Вазиристони Шимолӣ мушак андохта, панҷ нафарашонро куштанд ва чаҳор тани дигарро захмӣ кардаанд. Тақрибан як соат баъд аз ин, дар айни ҳамла дар рустои Ҳасухел се ҷангҷӯи дигарро куштаанд. Ин манотиқи қабоилнишини Покистонро паноҳгоҳи ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоида медоданд. Мақомоти Покистон ҳуввияти кушташудаҳоро ошкор накардаанд, аммо ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, яке аз фармондеҳони умдаи Толибон дар маҳалли ҳамла дар Ҳайдархел будааст.
XS
SM
MD
LG