Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти тоҷик, бо таърифи Кодекси нави андоз мегӯянд, аз имсол соҳибкорону ширкатҳои Тоҷикистон молиёти камтар месупоранд ва барои ҳисобот ба дари ниҳодҳои молиёт камтар меоянд.

Аммо аз ҳар соҳибкори тоҷик агар бипурсед, ки аз ҳама бештар аз чӣ бадаш меояд, бешак молиёти зиёд хоҳад гуфт, ки нисфи зиёди даромади бо хуни ҷигар ба дастовардаашро мехӯрад. Масалан, дар як назархоҳие, ки торнамои Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, тақрибан 30 дар сади назардодагон гуфтаанд, ки андози баланд ва боҷи гумрукӣ мушкилоти асосиест, ки онҳо дар кори ҳаррӯзаи худ рӯ ба рӯ мешаванд.

Баъди ҳамингуна даҳҳо назархоҳиву таҳқиқот ва баъди зораву илтиҷои пайвастаи соҳибкорон ва насиҳатҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳоят, соли гузашта кодекси андозро ислоҳ кард. Акнун сар аз ҳамин сол соҳибкорони тоҷик на 21, балки 10 навъи молиёт месупоранд. Масалан, аз онҳо дигар аз фурӯши чакана молиёт намеситонанд ва ё соҳибкорон барои замин ва моликияти ғайриманқул танҳо як молиёт хоҳанд пардохт. Ба гуфтаи Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андоз, сарбории андоз солона аз 800 то 900 миллион сомонӣ, камтар хоҳад шуд, ки бештар аз 190 миллион долларро ташкил медиҳад.

Рустам Ҷабборов бартарияти дигари Кодекси навро дар он гуфт, ки расмиёту муқаррароти молиётсупориро кам кардааст, то соҳибкорону тоҷирон дар назди идораҳои молиёт сарсону саргардон нашаванд: “Аз тарафи ҳисоботи андоз бинем агар, ба фикрам то 60 фоиз шумораи эъломия кам шуд. Баъд дар лоиҳаи кодекси андоз ҳама пешниҳодҳо барои соддатар кардани муқаррароти вобаста ба андоз қабул шуд ва дар лоиҳа ҳамаи ин масъалаҳо ба инобат гирифта шуд.”

Майсара Бобоева, мудири иттиҳодияи«Неъматҳои табиати Тоҷикистон», ки аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Исфара намояндагӣ мекунад ва пешниҳодоте барои ислоҳи Кодекси андоз фиристода буд, мегӯяд, дар воқеъ дар ин кодекс як сабукиҳои воқеъӣ барои кишоварзон пешбинӣ шудааст: “Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳамин андози савдои чакана мушкилӣ мекашиданд ва ҳисобот ҳармоҳа буд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нозироти андози шаҳр дур зиндагӣ мекарданд ва ҳар моҳ 50 километрро тай карда меомаданд, ҳисобот медоданд. Ҳоло дигар ҳар моҳ не, балки дар се моҳ як бор аст.”

Ба гуфтаи яке аз тоҷирони шинохта дар Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, шояд Кодекси нави андоз барои гурӯҳҳое аз соҳибкорон сабукиҳо меорад, аммо дар маҷмӯъ ба гуфтаи ӯ, соҳибкорон маҷбуранд молиёти бештар бисупоранд.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, мудири Маркази бозори озоди Тоҷикистон, мегӯяд, муаллифони кодекс, молиётҳои куҳнаро зери ниқобҳои дигар нигаҳ доштанд ва амалан танҳо андоз аз савдои чаканаро аз байн бурданд: “Дигар ин ки меъёри андозҳоро кам накарданд, баръакс зиёд шуд. Дардноктарин молиёт барои соҳибкорони хурду миёна, молиёти соддашуда (налог по упрощенной системе) буд, ки қаблан 4 дарсадро ташкил медод, ҳоло аз 5 то 6 дарсадро ташкил медиҳад, 5 дарсад барои ширкатҳои истеҳсолӣ ва 6 дар сад барои бақия ширкатҳо.”

Ҳукумати Тоҷикистон Кодекси нави андозро ба он хотир ислоҳ кард, то иқтисодаш ба по хезад, соҳибкорон ба ҷойи ришва додану пинҳон кардани даромад, ба буҷаи давлат молиёт супоранд, сармоягузорон ташвиқ шаванду, корхона созанд ва ҷойи кори нав офаранд, ришвахорӣ камтар ва вазъи буҷаи давлатӣ беҳтар шавад.

Ба гуфтаи Сергей Бондаренко, шояд Кодекси нав ба ҳадде дар ин замина мусоидат намояд, аммо на ба ҳадде, ки мақомоти расмии Тоҷикистон таъриф мекунанд: “Иморатро ду навъ тармим мекунанд, тармими асосӣ ва тармими зоҳирӣ. Кодекси нави андоз, тармими зоҳирии низоми андозситонӣ аст, ки як ҷояшро иваз карданд, ба як ҷояш ранг молиданду рукашашро тағйир доданд. Аммо тамоми иморат ба шакли пешинааш монд. Ҳеҷ чизи фавқуллода ва ё комилан навро намеорад ва ба таври чашмгир шароити андозсупориро осон намекунад. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG