Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлагари дастаи футболи “Барселона” пайиҳам барои бори чаҳорум беҳтарин футболбози олам эътироф шуд.

Лионел Мессӣ, бозигари тими «Барселона»-и Испания ва дастаи мунтахаби Аргентина, барои чаҳорумин бор аз сӯи ФИФА ба чаҳорумин "Тӯби тиллоӣ" ва унвони беҳтарин бозигари ҷаҳон даст ёфт.

Федератсияи байналмилалии футбол Лионел Мессиро рӯзи душанбе футболбози беҳтарини соли 2012 эълон кард ва ба вай “Тӯби тиллоии ФИФА”-ро дар маросиме дар шаҳри Сурихи Швейтсария тақдим намуд.

Лионел Мессии 25-сола пеш аз ин дар солҳои 2009, 2010 ва 2011 низ ин унвонро ба даст оварда буд. То ин замон ягон нафар чор дафъа пайи ҳам ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашуда буд.

Ба ҷуз аз Лионел Мессӣ бозигарони дигари пуровоза Андерс Инйеста аз Испания ва Криштиану Роналду аз Португалия низ дар феҳристи довталабони ин унвон буданд.

Дар ин миён Висенте дел Боске, мураббии дастаи миллии футболи Испания ба унвони беҳтарин мураббии соли гузашта интихоб шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG