Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар атрофи пойтахти Сурия идома дорад


Дар Сурия даргириҳо миёни нируҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳи режими Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишвар идома дорад.

Бино ба маълумоти фаъолони Сурия, ки бо мухолифон ҳамкорӣ доранд, рӯзи душанбе даргирҳо аслан дар атрофи Димишқ-пойтахти Сурия ва шаҳрҳои шимолии Идлиб ва Ҳалаб идома доштааст.

Дар қисмати марказии Сурия нируҳои ҳавоии ҳукумат шаҳри Тайбет Имомро бомбборон кардаанд.

Нахуствазири Сурия изҳор дошт, ки бояд ҷаласаи махсуси ҳукумат даъват шавад ва дар он роҳҳои иҷрои ташаббуси нави сулҳҷӯёна баррасӣ шавад.

Вале Ҷорҷ Сабр-узви эътилофи миллии мухолифони Сурия гуфт, ки пешниҳодҳои Башор Асад арзише барои баррасӣ надорад. Аз ин пешниҳодҳои Асад Фаронсаву Амрико, Британияву Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо низ танқид карданд.
XS
SM
MD
LG