Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боинг 767-300" дар Самара маҷбуран фуруд омад


Ҳавопаймои мусофирбари "Боинг 767-300" бино ба мушкилоти фаннӣ дар фурудгоҳи шаҳри Самараи Русия ба замин нишаст. Касе аз халабонон ва мусофирон осеб надидааст. Дар ҳавопаймо 302 мусофир нишаста будаанд.

Ин ҳавопаймои ширкати ҳавоии Британия аз шаҳри Пҳукети Таиланд ба Ҳелсинкӣ-пойтахти Финландия парвоз мекард.

Намояндагони ширкати ҳавоии Русия дар шаҳри Самара гуфтаанд, ки ҳангоми парвоз филтрҳои полоиши руған дар муҳаррики ҳавопаймои Боинг ба мушкили фаннӣ дучор шудаанд.
XS
SM
MD
LG