Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрд бо қочоқчиён як марзбони тоҷик кушта шуд


Дар даргирии миёни қочоқчиёни афғон ва марзбонони тоҷик дар минтақаи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ як марзбони тоҷик кушта, якеи дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, як гурӯҳ афроди мусаллаҳ, ки шумораи онҳо 30 нафар тахмин зада мешавад, аз рӯдхона ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд ва ба камини марзбонони тоҷик дучор омадаанд. Дар тирандозии дуҷониба ду сарбози қарордодӣ тир хӯрдаанд. Якеи онҳо аз захми тир даргузашт.

Дар бораи талафоти тарафи муқобил хабар дода намешавад.

Дар давоми соли гузашта марзбонони тоҷик аз 20 талоши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG