Пайвандҳои дастрасӣ

Саёҳат аз болои Арктика дар сармои зимистон


Ренолф Финнес ва Антон Бовринг пеш аз сафар дар Кейп Тавн

Ренолф Финнес ва Антон Бовринг пеш аз сафар дар Кейп Тавн

Ренолф Финнес-сайёҳи 68 солаи бритонёӣ ба саёҳат баромадааст ва мехоҳад дар давоми зимистони ҷорӣ аз болои Антарктика дар Қутби Ҷануб бигзарад. Рӯзи душанбе Финнес бо 5 нафар аз аъзои дастаи худ ба киштӣ нишастанд ва Кейп Тавни Африқои Ҷанубиро тарк карданд.

Онҳо ин саёҳати худро “Сардтарин сафар” ном гузоштаанд. Ин сафари онҳо дар маҷмӯъ 4 000 километрро ташкил медиҳад ва чун дар ин фасли сол дар ин минтақа бештар торикӣ ҳукмфармост, сафари онҳо ҳам бештар дар торикӣ анҷом мегирад ва сардии ҳаво 70 дараҷаи зери сифрро ташкил медиҳад, яъне сармои қаҳратун ҳукм меронад.

Сафар барои онҳо хеле хатарнок хоҳад буд, зеро дар вақтҳои торикӣ ҳавопаймоҳои наҷот дар он манотиқ парвоз намекунанд.
XS
SM
MD
LG