Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи гаравгонони қирғизро дар вилояти Сух раҳо кардаанд


Марзи байни Қирғизистону Узбакистон
Марзи байни Қирғизистону Узбакистон
Ҳамаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Сухи Узбакистон дар гаравгонӣ нигоҳ дошта мешуданд, аз гаравгонӣ раҳо шудаанд. Шоми рӯзи душанбе Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин бора ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар дод.

16 нафари гаравгонон баъд аз чошти рӯзи душанбе раҳо шудаанд. Қабл аз онҳо 14 зану кӯдакро ҷониби Узбакистон раҳо кардааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки сокинони Сух ба марзбонони Қирғизистон ҳамла кардаанд ва 40 нафар шаҳрвандони Қирғизистонро гаравгон гирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, як корманди пулиси қирғиз дар задухурдҳо сахт ҷароҳат бардоштааст.

Аммо Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар эъломияи худ марзбонони қирғизро сабаби ин бӯҳрони пешомада қаламдод кардааст ва гуфтааст, ки марзбонони қирғиз ба сӯи сокинони Сух оташ кушодаанд. Сокинони Сух нахостаанд, ки марзбонони қирғиз дар баландиҳо чароғҳои назоратӣ гузоранд.

Сух қаламрави Узбакистон аст ва аксари сокинони онро тоҷикон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG