Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон қонуни нави матбуот ба иҷро даромад, ки озодии матбуотро замонат дода, сонсурро манъ мекунад.

Ин қонун, ки аз сӯи парлумони Туркманистон рӯзи 22 декабр тасвиб шуда, ҳамон рӯз аз сӯи раисиҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳам имзо шуд, мегӯяд, озодии ҷамъоварӣ ва нашри маълумот дар кишвар набояд маҳдуд шавад, илло дар ҳолоте, чун зарурати дифоъ аз низоми қонунии давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ , ҳифзи шаъну эътибор, тандурустӣ ва ҳаёти хусусии афрод.

Ин қонун, ҳамин тавр, мақомоти давлатиро аз мамониат ба фаъолияти хабарнигорон манъ карда, дастрасии шаҳрвандон ба ахбори гузоришҳои расонаҳои хориҷиро низ замонат медиҳад. Замонати дигари қонуни нави матбуоти Туркманистон ваъдаи ёриҳои молӣ аз будҷаи давлатӣ ва имтиёзҳои молиётӣ ба хотири таъмини рушди расонаҳост.

Туркманистон аз бастатарин низомҳои Осиёи Марказист, ки то ҳол ягон расонаи хусусӣ дар ин кишвар арзи вуҷуд накардааст. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, ҳоло дар Туркманистон танҳо як хабаргузории давлатӣ (Туркмен довлет хабарларӣ), 7 шабакаи телевизионӣ, 5 радиои маҳаллӣ ва 39 нашрияи чопӣ вуҷуд дорад, ки саросар давлатианд ва муассиси аксари онҳо дастгоҳи раёсати ин ҷумҳурист. Ин расонаҳо, чун нашрияи давлатии кишварҳои дигари минтақа, асосан ба таблиғу тавсифи дастовардҳои низоми ҳоким машғуланд ва аз инъикоси масоили доғ ва нашри матолиби интиқодӣ ҳаддалимкон парҳез мекунанд.

Аммо ба иҷро даровардани қонуни нави матбуот, ки бино ба хабарҳо, барои бори аввал, озодии баёну озодии матбуот ва ҳам дастрасии мардум ба ахбору иттилоъро чунин замонат медиҳад, оё баёнгари азми Ишқобод ба ислоҳи имиҷи қаблиаш аст, ки ҳамчун режими “душмани матбуот” ном бароварда буд? Ваё ин қонун ҳам ба рафи қонунҳои сершуморе, ки дам аз озодии инсону ҳуқуқи инсон мезаданд, хоҳад пайваст ва рӯи коғаз хоҳад монд?

Дар ин бора гуфтугӯе доштем бо Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари масоили Туркманистон дар Олмон ва ӯро нахуст аз нуктаҳои асосии қонуни нав пурсидем.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG