Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) баъди таътили солинавӣ ба давраи дувуми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2013 шурӯъ кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар шаҳри Норак то рӯзи 15-юми январ идома хоҳад кард. Дар ин давра футболбозони ҷавони тоҷик ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рӯзи 9-уми январ мунтахаби ҷавонон бо дастаи лигаи олӣ - “Хайр”-и Ваҳдат бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 14 оғоз меёбад.

Ба дастаи мунтахаб 23 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»-и Истаравшан), Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»-и Душанбе), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»-и Душанбе), нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»-и Кӯлоб), Фирдавсӣ Қурбонов, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик»).

Ба иттилои Мубин Эргашев дар ҳайати даста нисбат ба давраи аввали ҷамъомади таълимиву тамринӣ баъзе тағйирот ба амал омадааст. Ба ҷамъомади дувум дарвозабон Саидҷон Саидраҳмонов, ҳимоятгар Фуруғ Қодиров, нимҳимоятгар Нуриддин Давронов ва ҳамлагар Фирдавсӣ Қурбонов даъват шудаанд.
Вале ин дафъа дар ҷамъомад дарвозабон Муминҷон Гадойбоев (”Хуҷанд”-и Хуҷанд) ва нимҳимоятгар Азимҷон Юнусзода (ССКА “Помир”) ба иллати латхӯрӣ ширкат надоранд.

Ситоди мураббиён тасмим гирифт, ки ба ҷамъомади дувум дарвозабони ҳайати ҷавонони “Истиқлол” Муродулло Саидов ва ҳамлагари дастаи “Панҷшер”-и Румӣ Комрон Турсуновро даъват накунад. Ҳамчунин нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов (“Истиқлол”), ки барои санҷиш ба яке аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии Қазоқистон меравад, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 иштирок карда наметавонад.

Дарвоқеъ, дар Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Ҷоми Иттиҳод-2013:
Гурӯҳи А: Беларус, Латвия, Эстония, Тоҷикистон.
Гурӯҳи В: Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон.
Гурӯҳи С: Украина, Литва, Молдавия, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 12:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия
2) 14:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон
3) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон
19:30. Маросими ифтитоҳи мусобиқа
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. № 4 рейтинг - № 5 рейтинг
20) 14:15. 1/4 финал. № 2 рейтинг - № 7 рейтинг
21) 16:30. 1/4 финал. № 3 рейтинг - № 6 рейтинг
22) 19:00. 1/4 финал. № 1 рейтинг - № 8 рейтинг

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4-ум дар гурӯҳи A – ҷойи 4-ум дар гурӯҳи C
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4 -ум дар гурӯҳи B – дастаи пасти ҷойи севум

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #19 – Мағлуби #20
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #21 – Мағлуби #22
27) 16:30. Нимфинал. Ғолиби #19 – Ғолиби #20
28) 19:00. Нимфинал. Ғолиби #21 – Ғолиби #22

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Мағлуби #23 – Мағлуби #24
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Ғолиби #23 – Ғолиби #24

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум. Мағлуби #25 – Мағлуби #26
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Ғолиби #25 – Ғолиби #26
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Мағлуби #27 – Мағлуби #28
34) 19:00. Финал. Ғолиби #27 – Ғолиби #28
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG