Пайвандҳои дастрасӣ

Хушдори Толибон аз боқӣ мондани сарбозони хориҷӣ пас аз соли 2014


Толибон ҳушдор додаанд, ки боқӣ мондани сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014, маънои идомаи ҷанг дар ин кишварро дорад.

Ин дар ҳолест, ки қарор аст Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар сафари ин ҳафтаи худ ба Вошингтон, ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишварашро пас аз соли 2014, бо ҷониби Амрико баррасӣ намояд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе озими Вошингтон мешавад ва яке аз умдатарин мавзӯъҳои мавриди баҳс миёни ӯ ва ҳамтои амрикоияш Барак Обама, ҳузури сарбозони Амрико пас аз соли 2014 дар Афғонистон аст. Аммо Толибон ҳушдор додаанд, ки агар пас аз соли 2014 ҳар теъдоде аз сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон боқӣ бимонад, ҷанг ва вайронӣ дар ин кишвар идома хоҳад ёфт.

Паймони ҳамкориҳои стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико, ки бахше аз он марбут ба ҳамкориҳои дарозмуддати низомӣ миёни Кобул ва Вошингтон мешавад, низ аз масоили умдаи мавриди баҳс миёни раҳбарони ду кишвар аст.

Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз як эъломияи нашршуда аз сӯи Толибон гузориш медиҳад, ки ҳузури кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддати сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ба ҳар миқдоре, ки бошанд, ба маънои идомаи ҷанг дар ин кишвар аст. Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати Ҳомид Карзай ҳатто агар бо ҳузури як сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мувофиқат кунад, масъули идомаи ҷанг, талафот ва вайронӣ хоҳад буд.

Ба навиштаи рӯзномаи Ню-Йорк Таймз, ба нақл аз яке аз мақомҳои вазорати дифои Амрико, генерал Аллен, фармондеҳи кулли нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки ба назари ӯ ва бо дар назардошти шароит, мумкин аст лозим бошад, ки шаш, даҳ ё ҳатто бист ҳазор сарбоз дар Афғонистон бимонанд.

Дар ҳамин ҳол вазири дифои Амрико Леон Панетта гуфтааст, як воҳиди хурди низомии кишвараш барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои Ал-Қоида дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд. Ин сарбозон ҳамчунон дар омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон кӯмак хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи Wall Street навиштааст, теъдоди сарбозони амрикоие, ки дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, камтар аз он хоҳад буд, ки генерал Ҷон Аллен пешниҳод кардааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, коҳиши сарбозон ба ин маъно нест, ки шумораи зиёди ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва сарбозони қувваҳои ҳавоии Амрико, Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт. Ба гуфтаи ин манбаъ, Вошингтон бештар бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, пойгоҳҳои Ал-Қоидаро ҳадаф қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG