Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадиди 7,5-баллӣ дар Аляска


Як заминларзаи шадид соҳилҳои Аляска дар уқёнуси Оромро таккон дода, барои чанд соат боиси эълони ҳушдори тсунамӣ дар манотиқи соҳилии Аляска ва вилояти Колумбияи Бритониёии Канада шуд. Маркази заминшиносии Амрико шиддати зилзилаи субҳи шанберо 7,5 балл ҳисоб кардааст. Маркази зилзила дар тақрибан 100-километрии ғарби Крейги Аляска дар умқи 10-километрии бистари хок гуфта мешавад. Дар бораи кадом хисорот гузориш нашудааст ва ҳушдори тсунамӣ ҳам баъди ҳамагӣ чанд соати эълонаш лағв шуд.
XS
SM
MD
LG