Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳушдор дод, ки Амрико дар пайи баҳсҳои ахир дар Конгресс ба хотири пешгирӣ аз “шикофи молиётӣ” баҳсҳои бештари будҷаро ба худ иҷозат дода наметавонад. Обама рӯзи шанбе дар паёми радиову интернетие гуфт, қонуне ки ӯ рӯзи панҷшанбе имзо кард, танҳо як қадам дар роҳи рафъи мушкилоти молиётиву иқтисодии кишвар буд. Ҳушдори Обама дар ҳолест, ки вакилони демократу ҷумҳурихоҳи Конгресс ба набарди навбатӣ пиромуни лимити қарзи Амрико, ки ҳоло 16,4 триллион доллар аст, омодагӣ мегиранд. Конгресс барои боло бурдани ин лимит тақрибан 2 моҳ фурсат дорад, вагарна давлати Амрико метавонад дар роҳи иҷрои ӯҳдадориҳои молиаш дучори кӯтоҳӣ шавад.
XS
SM
MD
LG