Пайвандҳои дастрасӣ

Суғд: Ду мавриди худкушӣ дар як рӯз


Танҳо дар як рӯзи охир дар шимоли Тоҷикистон ду мавриди худкушӣ сабт шудааст. Дар пулиси вилояти Суғд ба хабаргузории “Авасто” гуфтаанд, ки дар ҳарду маврид мардон худро ба дор овехтаанд. Дар шаҳри Истаравшан як марди 44-солаи соҳиби 3 фарзанд худро ба дор кашида, дар ноҳияи Конибодом як марди падари 5 фарзанд бо ҳамин шева дар манзилаш ба зиндагӣ падруд гуфтааст. Вилояти Суғд дар “сабқат”-и худкушӣ дар байни вилоятҳои Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад. Соли гузашта дар ин вилоят 293 мавриди худкушӣ сабт шуда буд.
XS
SM
MD
LG