Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси 237 корхонаи нав дар Тоҷикистон


Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд тайи соли 2012-ум дар кишвар 237 корхонаи нав таъсис ёфтаанд. Тибқи итттилои Дафтари матбуоти ин вазорат, дар 237 корхонаи навтаъсис 5 ҳазору 356 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи хабарҳо аз манотиқи Тоҷикистон тайи соли 2012-ум бисёре аз корхонаҳо муддате баъд аз ифтитоҳи расмиашон аз фаъолият бозмондаанд. Аз ҷумла корхонаи дӯзандагии Хоруғ, ки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, онро дар сафараш ба Бадахшон дар моҳи сентябр боз карда буд, пас аз ду моҳ, бо беш аз 80 нафар кормандаш аз фаъолият монд. Қаблан чунин корхонаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ки аз ҷониби вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, пас аз чанд моҳи фаъолият муфлис гардидааст.

Дар вилояти Хатлон низ фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи Кӯлоб ва чанд коргоҳи дигари саноатӣ қатъ шудааст. Далели қатъи фаъолияти корхонаҳо, набудани талабот ба маҳсулот, камбуди ашёи хом, молиёт, камбуди барқ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG