Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 6 сайёҳи рус дар кӯҳистони Алп


Дар сониҳаи як сновмобил, ё мошини барфгард, дар кӯҳистони Алпи Итолиё 6 сайёҳ аз Русия ҳалок шудаанд. Дар ин фалокати рӯзи ҷумъа дар кӯҳи Чермис дар вилояти Трентино ду тани дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд. Ноиби консули Русия дар Милан Анна Булатова ба ИТАР-ТАСС шаҳрвандони Русия будани ҳама 6 кушташударо тасдиқ кардааст. Матбуоти Итолиё мегӯяд, мошин аз идора хориҷ шуда, ба ҷарӣ рафтааст. Иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG