Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқрори нирӯҳои Амрико дар Туркия


Мушакандозҳои Patriot

Мушакандозҳои Patriot

Нирӯҳои Амрико ба хотири идораи мушакандозҳои Patriot дар Туркия мустақар шудаанд. Ин мушакҳо дифоъи Туркия аз ҷанг дар кишвари ҳамсояи Сурияро ба ҳадаф доранд. Дар поёни соли гузашта манотиқи марзии Туркия чанд бор ҳадафи тирандозиҳои фаромарзии ҷонибҳои низоъи Сурия қарор гирифта буд. Шабакаҳои Patriot тавони задани ҳавопаймоҳо ва мушакҳоро доранд. Истиқрори нирӯҳои Амрико дар Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷанг дар Сурия шиддат мегирад. Нирӯҳои ҳавоиву заминии режими Башор Асад, бино ба хабарҳо, рӯзи ҷумъа чирикиҳоро дар атрофи Димишқ ҳамла кардаанд. Як рӯз қабл дар таркиши бомб дар пойтахти Сурия 11 кас кушта шуда буд.
Ситоди аврупоии артиши Амрико гуфт, ба манзури идораи ду тӯпхонаи Patriot ҳудуди 400 нирӯ дар Туркия ҷобаҷо мешаванд. Тибқи тавофуқ бо Туркия, ки муттаҳиди НАТО-ст, 4 тӯпхонаи дигари Patriot-ро Олмону Ҳолланд идора хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG