Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бриҷит Бардо ҳам шаҳрванди Русия мешавад?


Бриҷит Бардо, ҳунарманди маъруфи синамои Фаронса, изҳор намуд, ки агар мақомоти Фаронса ба ду фили сирк наҷот набахшанд, дар пайравӣ ба Жерар Депардие хостори дарёфти шаҳрвандии Русия хоҳад шуд.

Ба иттилои Бунёди дифоъ аз табиату ҳайвоноти ваҳшӣ, ки аз сӯи хонум Бардо таъсис шудааст, миёнаҳои моҳи декабр шаҳрдории Лион барои куштани ду фили сирк амр содир кард. Мақомоти шаҳр далел оварданд, ки ҳарду фил ба бемории сил гирифторанд. Раҳбари сирк аз болои ин амр ба додгоҳ шикоят бурд ва аммо додгоҳи маъмурӣ аз шаҳрдорӣ пуштибонӣ кард.

Хабаргузории Франс-пресс бо такя ба изҳороти Брҷит Бардо навиштааст, ситораи синамо мехоҳад дархости дарёфти шаҳрвандии Русияро кунад, “то аз кишваре, ки ба қабристони ҳайвонот табдил мешавад, фирор намояд”.

Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Тавре аз фармони ӯ бармеояд, Путин дархости дарёфти шаҳрвандӣ аз сӯи Жерар Депардиеро, ки соли 1948 дар Фаронса ба дунё омадааст, пазируфтааст.
XS
SM
MD
LG