Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқтадо ас-Садр аз эътирозҳои сунниҳо ҳимоят кард


Муқтадо ас-Садр, рӯҳонии бонуфузи шиаҳои Ироқ зимни зиёрат аз ибодатгоҳи масеҳӣ ва масҷиди сунниҳо бо аққалиятҳои мазҳабии кишвар дидору гуфтугӯ кард. Ӯ рӯзи ҷумъа аввал аз ибодатгоҳи Маликаи наҷоти мо, ки он ҷо соли 2010 бар асари ҳамлаи маргталабона беш аз 50 нафар, аз ҷумла, рӯҳониён кушта шуданд, ва сипас аз масҷиди Абдулқодир ал-Гелонӣ, маъруфтарин масҷиди сунниҳо дар Бағдод, зиёрат кард.

Ташрифи ас-Садр аз ин ибодатгоҳу масҷид дар ҳоле сурат гирифт, ки дар сартосари Ироқ тайи ду ҳафтаи ахир намоишҳои эътирозӣ алайҳи нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ идома доранд. Бештари тазоҳургарон – сунниҳои Ироқанд, ки алайҳи нақзи ҳуқуқҳояшон аз сӯи ҳукумати феълии Ироқ эътироз мекунанд.

Ас-Садр дар масҷиди сунниҳо аз талабҳои онҳо пуштибонӣ кард ва изҳори итминон намуд, ки эътирозҳояшон ба якпорчагии Ироқ латма нахоҳад зад.
XS
SM
MD
LG