Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷойгирсозии "Пэтриот"-ҳо дар Туркия шурӯъ шуд


Паймони НАТО рӯзи ҷумъа ба мустақарсозии аввалин маҷмааҳои зидди ҳамлаи ҳавоии "Пэтриот" дар Туркия, дар наздикиҳои марз бо Сурия, шурӯъ кард. Дар ин бора торнамои ҳайати фармондеҳии ИМА дар Аврупо хабар додааст.

Аввалҳои моҳи гузашта намояндагони 27 кишвари узви НАТО дар нишасте дар Брюссел дархости Туркия барои истиқрори мушакҳо дар марзи ҷанубии ин кишварро тасвиб карданд. Туркия мегӯяд, ин дархостро танҳо барои дифоъ аз марзҳояш дар муқобили ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз дохили хоки Сурия анҷом додааст.

Бар пояи хабарҳо, то охири моҳи январ дар Туркия шаш батареяи “Пэтриот” – дутоӣ аз ИМА, Олмон ва Ҳуланд ҷойгир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG