Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон барои эҳёи музокирот изҳори омодагӣ кард


Сайид Ҷалилӣ

Сайид Ҷалилӣ

Эрон барои эҳёи музокирот оид ба барномаи ҳастаияш омода аст. Дар ин бора Сайид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайати Эрон дар музокирот бо шаш кишвари пешрафтаи олам, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни сафараш ба Деҳлӣ хабар дод. Ҳамоҳангсозии мавзӯи гуфтугӯ ва замону ҷойи баргузории музокирот идома дорад.

Кишварҳои ғарбӣ бо ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Эрон чандин бор талош карданд то Теҳронро барои даст бардоштан аз пажуҳиши барномаи ҳастаӣ водор созанд, зеро ҳадс мезананд, ки Эрон мехоҳад соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақаи ҳадафҳои осоишта дорад.

Бори охир музокироти Эрон бо “шашгона” – ИМА, Русия, Фаронса, Бритониё, Чин ва Олмон моҳи июн дар Маскав баргузор шуд ва бенатиҷа поён ёфт.
XS
SM
MD
LG