Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Душанбе мегӯянд, сардиҳои шадиди рӯзҳои ахир, ба зиндагии маъмулии онҳо халал ворид кардааст.

Яке аз он шикоят дорад, ки сардиҳо дар ҳаракати васоити нақлиёт монеа эҷод намуда ва расидан ба манзили матлубро ба мушкил рӯбарӯ кардааст ва мардум дар сардиҳо мунтазири мусофирбарҳо мемонанд. Ин амр бархе сокинонро водор кардааст, ки ба ҷои истифода аз васоити нақлиёти умумӣ, аз таксиҳо истифода баранд, ки ин ба будҷаи оилавии онҳо латма мезадааст.

Як зани солхӯрдаи душанбегӣ мегӯяд, ки бинобар сардиҳои шадиди рӯзҳои ахир, дар лӯлаҳои обгузари хонаҳои онҳо об қатъ шуда, аз чанд рӯз ба ин тараф аз оби ошомиданӣ маҳруманд.

Як сокини ноҳияи Шоҳмансур аз он шиква кард, ки бинобар сардиҳо, сокинон беш аз пеш нерӯи барқро истифода мебаранд, ки мунҷар ба тахриби зеристгоҳҳо шуда, ва сари ҳар чанд вақт барқ дар хонаҳо хомӯш мешавад.

Аммо яке аз пурсидашудагон мегӯяд, бо вуҷуди сардиҳо, аз ҳеҷ чиз шикоят надорад ва ба зиндагии ӯ халале ворид нашудааст, чун Душанбе ҳам бо об ва ҳам бо барқ таъмин ҳаст ва роҳҳо ҳам пок мебошанд.

Аммо Шумо чӣ корбарони азиз, оё сардии ҳаво бароятон мушкиле эҷод кардааст?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG