Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давраи бақайдгирии футболбозони нави хориҷӣ дар бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон барои соли 2013-ум 15-уми январ шурӯъ хоҳад шуд.

Ба иттилои Ислом Маҳмадшоев, менеҷери Transfer Matching System (TMS)-и Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими нави футбол якчанд бошгоҳҳои лигаи олии кишвар мақсад доранд, ки ҳайатҳои дастаҳои худро бо футболбозони нави хориҷӣ мустаҳкам намоянд.

Вай мегӯяд, “Тоҷикистон соли севум аст, ки аз системи Transfer Matching System FIFA барои бошгоҳои лигаи олӣ истифода мекунад. Минбаъд бар асоси лоиҳаи FIFA TMS бе иштироки бошгоҳ ягон гузариш аз як созмон ба созмони дигари миллӣ ғайриимкон аст. Аз рӯи маълумоти мо бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 (аз рӯи моҳият дувумин мусобиқаи бошгоҳии Осиё) бо ду легионер аз Бразилия гуфтушунид дорад. Яке ҳимоятгар ва дигаре ҳамлагар мебошанд. Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе легионерҳоро аз Уганда ва Сербия даъват карданист. Давраи зимистонаи бақайдгирии футболбозони нави хориҷӣ 5-уми апрел ба анҷом мерасад. Давраи тобистонаи бақайдгирӣ аз 16-уми июл то 18-уми август идома хоҳад кард”, - иброз дошт Ислом Маҳмадшоев.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 6-уми апрел оғоз ёфта, дар ду давра баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG