Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мехоҳад баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бимонад


Ҷон Аллен, фармондеҳи кулли нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон (аз чап) ва Леон Панетта, вазири дифои Амрико (аз рост) . Акс аз бойгонӣ/

Ҷон Аллен, фармондеҳи кулли нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон (аз чап) ва Леон Панетта, вазири дифои Амрико (аз рост) . Акс аз бойгонӣ/

Фармондеҳи кулли нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон пешниҳод кардааст, ки баъд аз соли 2014, дар ин кишвар аз 6 то 20 ҳазор сарбоз боқӣ бимонанд.

Ҷон Аллен, фармондеҳи кулли нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар мавриди шумораи нерӯҳои амрикоие, ки лозим аст пас аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ бимонанд, пешниҳодҳоеро ба Пентагон ироа кардааст.

Ба навиштаи рӯзномаи Ню-Йорк Таймз, ба нақл аз яке аз мақомҳои вазорати дифои Амрико, генерал Аллен гуфтааст, ки ба назари ӯ ва бо дар назардошти шароит, мумкин аст лозим бошад, ки шаш, даҳ ё ҳатто бист ҳазор сарбоз дар Афғонистон бимонанд. Қарор аст нерӯҳои размии Амрико дар соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст рӯзи душанбеи оянда раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба Амрико равад ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Барак Обама мавзӯи ҳузури сарбозони амрикоӣ дар кишварашро баъд аз соли 2014, баррасӣ намояд.
Ба навиштаи Wall Street, ду раҳбар ҳамчунон дар мавриди кӯмакҳои Амрико ба бахши низомии Афғонистон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Рӯзи чаҳоршанбе вазири умури хориҷии Афғонистон Зулмай Расул интизороти ҳукумати Афғонистон аз ин музокиротро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ дар ин музокирот равобити Амрико ва Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар мушаххас хоҳад шуд.

Вошингтон ва Кобул моҳи гузашта музокиротро дар мавриди паймони амниятии дарозмуддат оғоз карданд, ки масъалаи сарбозони боқимондаи Амрико дар Афғонистон баъд аз соли 2014 ҳам ҷузъи он мебошад. Ҳомид Карзай ин паймонро муҳим хонда ва гуфт, дар музокироти Вошингтон интизороти Афғонистон рӯшан хоҳад шуд.

Қасри Сафед то кунун дар мавриди шумораи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014 тасмим нагирифтааст, вале пешбинӣ мешавад, ки ин теъдод беш аз 10 ҳазор нафар хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG