Пайвандҳои дастрасӣ

Ятимони рустабор дар Амрико қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони русро аз тарафи шаҳрвандони ИМА, нақзи ҳуқуқи инсон хонданд.

Донишҷӯи 21-солаи яке аз коллеҷҳои аёлати Тексас, Александр Деҷаймус ба поайфзоле, ки соли гузашта қуллаи Қилиманҷароро фатҳ кардааст, ишора намуда, мегӯяд, ҳар инсон ҳақ дорад, ки бо поайфзоли худ сайр кунад. Аммо шаш сол пеш вақте ӯро як оилаи амрикоӣ ба фарзандӣ қабул кард, Александр роҳ гашта наметавонист, зеро пойҳояш маъюбанду бидуни пойафзоли махсус ӯ наметавонист, аз ятимхонае дар Русия берун шавад.

Александр Деҷаймус

Александр Деҷаймус

Александр ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ятимони собиқи Русия, ки феълан дар Амрико соҳиби оила шудаанд, тасмим гирифтааст, бар зидди манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони ИМА қиём намояд. Ба гуфти Александр ин қонун ҳуқуқи инсонро поймол мекунад: “Қонун хулоса мекунад, ки ҳаёти кӯдак бидуни зиндагӣ дар оилаи амрикоӣ беҳтар мегузарад. Ин сиёсати миллатгароёна аст. Ба фикри ман ин бузургтарин ҷиноят аст, зеро кӯдакро сарфи назар аз миллаташ аз ҳаққи аслии ҳаёт дар оила маҳрум мекунад. Кӯдакон ба Амрико на барои шиносномаи амрикоӣ, балки ба хотири оила меоянд. Агар имкон бошад, ки кӯдак соҳиби оила шавад, ба фикрам ин ғайриахлоқист, ки кӯдакро аз имкони доштани оила маҳрум кунанд.”

Президенти Русия, Владимир Путин 28-уми декабр қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро имзо кард. Акнун 700 ҳазор ятими рус аз имкони пайдо намудани оила дар Амрико маҳрум шудаанд. Тибқи ин дастур ҳатто ятимоне, ки волидайни эҳтимолии амрикоӣ пайдо намуда, мунтазири ҳуҷҷат буданд, аз ин ҳақ маҳрум гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол Александр қиссаи худро мисол оварда, таъкид мекунад, ки дар Ватан ин ятимони русро ояндаи торик интизор аст.

Дар соли 2006-ум Наташа Шагинян-Недҳам, асосгузори созмони ғайридавлатӣ бо номи Маркази байналмилалии оилаҳои хушбахт дар бораи ятимони сағирхонаи шаҳри Нижний Ломови канори шаҳри Пенза филми мустанад намоиш додааст. Дар ин филм Александр Деҷаймус, ки он замон Александр Шултсев ном дошт, савори аробача равуо мекард.

Майкл ва Ҳелена Деҷаймус Александри 15-соларо дар филм дида, аҳд карданд, ки ӯро фарзанд хонанд. Яке аз шифохонаҳои Тексас пойҳои беҳаракати ӯро ҷарроҳӣ намуда, барояш пойҳои сунъӣ омода кард. Дар оилаи Деҷаймус Александр ҳам таҳсили худро такмил намуд ва ҳам дар навъҳои мухталифи варзиш донишу малака пайдо кард. Александр баъди хатми бахши равобити байналмилалӣ умед дорад, ки баҳри беҳбуди равобити ИМА ва Русия ва аз ҷумла лағв шудани қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи амрикоиҳо талош варзад. Ӯ мегӯяд: “Мубориза душвор аст, зеро дар Русия расонаҳо таҳти назорати ҳукумат қарор доранд, вале ман таслим намешавам. Ҳар коре зарур шавад, иҷро хоҳам кард, то қонуни манъи фарзандхонӣ бекор шавад. Ман ба забони русӣ барои хонандагон дар Русия матлаби бисёр навиштаам. Шояд ҳамроҳ бо дигар ятимоне, ки дар ИМА соҳиби оила шудаанд, мо қиссаҳо навишта, онро тавассути паёмҳо ба расонаҳову нашрияҳои Русия фиристем.”

Александр Деҷаймус хушҳол аст, ки президенти Русия сармоягузориҳои давлатӣ барои кумак ба ятимони маъюбро афзоиш медиҳад, вале ба гуфти номбурда, масъалаи ятимони маъюб на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ҳаст, ки онро бо пул наметавон ҳал намуд.
XS
SM
MD
LG