Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро кӯдакистони Нафтободро мехоҳанд бубанданд?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳ бонувони шаҳраки Нафтободи ноҳияи Исфара ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зада, аз баста шудани ягона кӯдакистони маҳалли зисташон шикоят ва пайгирии ин мавзӯъро дархост карданд.

Гурӯҳи занони шаҳраки Нафтобод бо як номаи дастҷамъӣ аз ҳукумати шаҳри Исфара талаб кардаанд, ки ба баста шудани ягона кӯдакистони дар маҳалли зисти онҳо роҳ надиҳанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, даҳҳо зани коргар барои парастории кӯдакони худ хонашин хоҳанд шуд.

Хуршеда Атоҷонова, як сокини шаҳраки Нафтобод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар мактаб муаллима ҳастам ва духтарчаамро ба кӯдакистон медиҳам. Аммо ин пагоҳӣ кӯдаконамонро қабул накарданд. Онҳо кӯдакистонро бастанианд. Акнун ночор мактаб нарафта, дар хона ҳамроҳи духтарчаам нишастам. Касе надорам, ки ӯро наздашон гузошта ба кор равам.”

Ба гуфтаи хонум Атоҷонова, кӯдакистон ба корхонаи муштараки “Петролиум Суғд” тааллуқ дошта, дар он ҳудуди 100 кӯдак парасторӣ мешуданд. Инчунин, ин корхона аз соли нав маблағи моҳонаи нигаҳбонии кӯдаконро низ аз 70 то 176 сомонӣ боло бурдааст, ки барои модарони танҳо гаронӣ мекунад. Гурӯҳи занони шаҳраки Нафтобод ҳафтае пеш унвонии раиси шаҳри Исфара низ бо номаи дастҷамъӣ бо дархости ҳалли ин мушкил муроҷиат карда, то ҳол посухе дарёфт накардаанд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия, “Петролиум Суғд”, дар шаҳраки Нафтобод ба истихроҷи нафт машғул аст. Посухи ин саволро, ки чаро ин корхона кӯдакистонро бастанист, аз Икромҷон Ҳалимов, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари кулли корхонаи мазкур пурисдем. Ӯ дар як тамоси телефонӣ гуфт, “худи волидон дар ин мавсими сармо кӯдаконашро кам ба кӯдакистон меоранд. Масалан, рӯзи гузашта аз 96 нафар танҳо 35 нафар кӯдаки худро оварданд. Ин як. Дувум, то ҳал шудани масъалаи маблағгузорӣ мо тасмим гирифтем, муваққатан онро бандем. Аммо кӯдакистонро тамоман бастан дар фикри касе нест, баръакс мо тасмим дорем, онро гул-гулшукуфон кунем.”

Ҷаноби Ҳалимов илова кард, тасмими ниҳоӣ дар бораи фаъолияти минбаъдаи кӯдакистон рӯзҳои наздик пас аз бозгашти раҳбари кулли корхонаи “Петролиум-Суғд” аз сафари корӣ гирифта хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти молии корхонааш нагузошт, барои соли 2013 ба кӯдакистон маблағ ҷудо кунад: “Давраҳое буд, ки то 30-40 фоизи хароҷоти кӯдакистонро дигар ташкилоту муассисаҳо ба тариқи шартномавӣ пардохт мекарданд. Аммо акнун ҳамаи онҳо ҳамкориро қатъ карда, сармоягузориро танҳо бар дӯши корхонаи мо вогузор карданд. Барои ҳамин, мо хоҷагидориии кӯдакистонро аз нав дуруст ба роҳ монданием.”

Ин дар ҳолест, ки бархе сокинони Нафтобод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, раҳбарони корхонаи мазкур кӯдакистонро аз нигоҳи иқтисодӣ “зараровар” номида, тасмим гирифтаанд онро хусусӣ гардонанд. Дар ду даҳсолаи охир ҳукумати Тоҷиикистон маблаӯгузорӣ ба кӯдакистонро то ҳадди ақал коҳиш дод. Дар пайи ин, кӯдакистонҳои зиёд дар саросари Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, бо роҳи хусусигардонӣ ба дафтари ширкатҳо ва ҳатто манзилу бӯстонсароҳои хусусии афроди сармоядор мубаддал шудаанд.
XS
SM
MD
LG