Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ мавқеашро дар ҷойи 58-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи даҳум буда, аз Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни панҷ тими беҳтарин, инчунин, Русия ва Португалия дохиланд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ҷомеаи Муштаркаулманофеъ ва Балтик дар феҳристи ҷаҳонӣ: 4. Русия. 8. Украина. 15. Озарбойҷон. 18. Беларус. 24. Узбакистон. 35. Қазоқистон. 37. Қирғизистон. 48. Латвия. 57. Гурҷистон. 58. Тоҷикистон. 65. Литва. 68. Молдова. 73. Туркманистон. 78. Арманистон. 105. Эстония.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Дубай мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба футзал баргузор шуда буд. Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Тайланд бо ҳисоби 6:1 ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Мунтахаби Эрон, ки барои ҷойи севум бар тими Австралия бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё иштирок дошт, вале аз гурӯҳи худ баромада натавонист. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш бар тими Тайван бо ҳисоби 6:4 ғалаба кард, вале баъдан аз тимҳои Ҷопон (1:6) ва Лубнон (1:2) шикаст хӯрд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG