Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши зарфи газдор дар Зафаробод модару 2 кӯдакашро кушт


Дар пайи таркиши як зарфи газдор дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як модар бо ду кӯдаки ноболиғаш ҳалок шудаанд.

Дафтари матбуоти Идораи умури дохилии Суғд мегӯяд, дар пайи таркиши зарфи газдори панҷкилоӣ дар ноҳияи Зафаробод, соҳибхоназан Мӯниса Исоева ҳамроҳи духтарчаи сесолааш Марям ва писарчаи панҷсолааш Муҳаммадҷон дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ба иттилои манбаъ, бар асари таркиш, ки рӯзи 1-уми январ рух додааст, падари соҳибхоназан Ҳалим Исоев ва шавҳараш Дониёл Миров ҷароҳати вазнин бардошта, феълан дар беморхонаи ноҳия бистарӣ шудаанд.

Инчунин дафтари матбуоти Идораи умури дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, бар асари таркиш дар ҷойи ҳодиса сӯхтор ба амал омад, ки ҳангоми хомӯшкунии он се корманди оташнишонӣ низ ҷароҳат бардошта ба беморхона оварда шудаанд. Омилҳои таркиш то ҳол шарҳ дода намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2012 низ дар ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен таркиши зарфи газдор ҷони як кӯдакро рабудааст. Зарфҳои газдори се, панҷ ва даҳкилоии истеҳсоли Чину Эрон айни ҳол дар навоҳии Тоҷикистон манбаи асосии гармӣ ва пухтупаз арзёбӣ мегарданд, чун интиқоли барқ ба навоҳии кишвар дар як шабонарӯз камтар аз 8 соат сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG