Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тошканд монеи убури боркашҳои Туркияву Эрон ба Тоҷикистон шуд


Узбакистон сар аз 1-уми январи соли 2013 рафтуомади мошинҳои боркаши Туркия ва Эрон ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш манъ кардааст.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 2-юми январ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда гуфт, ки "имрӯз ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар мактуб карда, хоҳиш намудаанд, ки барои вуруди мошинҳои борбари кишварҳои хориҷа тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон мусоидат кунанд."

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки муҳлати созишномаи Узбакистон бо Эрону Туркия ба охир расидааст ва бинобар ин мақомоти Узбакистон ба боркашҳои ин кишварҳо иҷозаи убур аз қаламрави худ намедиҳанд.

Ба гуфтаи Низом Ҳакимов, ин мушкил ба ширкату ронандагони тоҷик дахл надорад, зеро муҳлати созишномаи марбута миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз қувваи иҷро дoрад.

Дар ҳамин ҳол Гулҷон Раҳимов, ронандаи яке аз мошинҳо борбар, ки дар хатти марзи минтақаи Турсунзода қарор дошт, субҳи 2-юми январ дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби Узбакистон онҳоро барои убур аз қаламрави худ иҷоза намедиҳад ва тайи ду рӯзи ахир тақрибан 8 мошини ҳомили бору колоҳои мухталиф мунтазир истодаанд. Раҳимов илова кард, ки аз он тарафи марзи Узбакистон даҳҳо мошинҳои борбари Эрону Туркия низ наметавонанд ба воситаи қаламрави Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Туркия ва Эрон ба қатори панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон ворид шуда, додугирифти мол миёнашон асосан тавассути нақлиёти заминӣ сурат мегирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG