Пайвандҳои дастрасӣ

Се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таэквондо (WTF) маҳорати худро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико такмил хоҳанд дод.

Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон - Фарҳод Неъматов (дар вазни то 80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг), инчунин, Хисрав Ғиёсов, ки дар Бозиҳои осиёӣ-2010 дар вазни то 68 кг мақоми панҷумро касб карда буд, рӯзи 10-уми январ ба ИМА сафар хоҳанд кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Денвери иёлати Колорадо таҳти раҳбарии сармураббии ин иёлат оид ба таэквондо Комил Латифов баргузор мешавад. Дарвоқеъ, мутахассиси тоҷик Комил Латифов аз соли 2005-ум дар ИМА ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG