Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни соли 2012 бо боришоти барф ва сардиҳои шадиди худ, дар хотираҳои аксари мардуми Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Сардии се рӯзи ахири сол ҳаракат дар ҷодаҳои кишварро ба маротиб мушкилу махуф карда буд ва садамаҳо нақлиёт низ зиёд ба мушоҳида мерасид. Рӯзи 29-уми декабр, ду рӯз пас аз боришоти шадиди барф ҳам роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб мушкилгузар ва ҳатто ғайримумкин шуда буд.

Ҳарчанд роҳ дар ағбаҳои Чормағзак ва Шар-шар рӯфта ва хоку намак пошида шуда буд, вале мушкилиҳои ҳаракат дар ин самт зиёд буд. Аммо қитъаи хатарзои шоҳроҳ аз Себистони Данғара шуруъ мешуд. Махсусан қитъаи тӯлонии роҳ аз Данғара то деҳаи Гулистон мисли роҳи «бесоҳиб» буд.

Ҳаракати нақлиёт пас аз соатҳои 16-и рӯз дар ин минтақа "яхмолакбозӣ"-ро мемонд ва даҳҳо мавриди аз масир берун шудани мошинҳо ба мушоҳида мерасид. Ҳатто як мошини бузурги борбар дар ин «рӯзи яхбандон» лағжида ва роҳро комилан баст ва садҳо мошин соатҳои тӯлонӣ дар сармои 15 дараҷаӣ интизор боз шудани роҳ шуданд.

Ва ниҳоят рӯзи 31-уми декабр пас аз гарм шудани ҳаво масъулини ин минтақаи роҳ «аз хоб бедор шуда» ба рӯи яхи обшуда, хок мепошиданд. Аммо рӯзи 29 декабр мушкилӣ ба ин ба поён намерасид, ва роҳҳои дохили навоҳӣ дар минтақаи Кӯлоб аз ин роҳ бадтар ва яхбаста буд. Навори «Озодӣ» аз яхбандони рӯз ва шоми 29-уми декабр аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG