Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиб-президенти Венесуэла Николас Мадуро мегӯяд, президенти ин кишвар Ҳуго Чавез бо ҳуш асту аз вазъи саломатиаш баъди амалиёти ҷарроҳӣ огаҳӣ дорад. Дар давоми якуним соли ахир Чавез, ки аз саратон азият мекашад, чор амалиёти ҷарроҳиро пушти сар кардааст. Баъди амалиёти ҷарроҳиии ахир, ки 11-уми декабр дар Куба ба вуқӯъ пайваст, Мадуро чанд дафъа аз Чавез зиёрат кард. Дар сӯҳбати телевизионӣ Мадуро гуфт, Чавез аз тамоми печидагиҳои марбут бо вазъи саломатиаш огаҳ аст:
Чавез комилан ҳушёр аст ва аз мушкилиҳои баъди амалиёт зуҳур намуда огаҳ мебошад. Ӯ хоҳиш кард, сарфи назар аз тамоми сахтиҳо мардумро аз вазъи саломатиаш огаҳ намоем.”
Мадуро мухолифини сиёсиро бо паҳн намудани овозаҳо дар бораи саломатии президенти Венесуэла муттаҳам намуд. Баъди амалиёти 11-уми декабр Чавез дар мазҳари ом пайдо нашудааст. Нигарониҳо зиёданд, ки ӯ эҳтимол натавонад, 10-уми январ дар маросими савгаднёдкуниаш ҳузур дошта бошад. Чанде пеш Чавез дар интихоботи президентии Венесуэла пирӯз шуда, барои шаш соли дигар курсии раёсатҷумҳурии ин кишварро ҳифз намуд.
XS
SM
MD
LG