Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон интиқоли гази моеъро ҳам манъ кардааст


Ҳукумати Узбакистон сар аз 1-уми январи соли 2013 интиқоли гази моеъро ба воситаи нақлиёти автомобилӣ тавассути ҳудудаш манъ кардааст. Қарори дахлдорро дар ин бора кабинаи вазирони Узбакистон рӯзи 26-уми декабр содир намудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои расмии Узбакистон мақсад аз қабули ин қарор таъмини амнияти кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи табиат мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир дар пайи камбуд ва гаронии маҳсулоти нафтӣ талабот ба гази моеъ зиёд гардидааст ва он асосан аз Қазоқистон тавассути ҳудуди Узбакистон ворид мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2012 ба ҷумҳурӣ ба миқдори 73 ҳазору 823,2 тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ 29 ҳазору 260,3 тонна зиёд мебошад. Ба иттилои ин манбаъ дар ҷумҳурӣ то 1-уми декабри соли 2012, 585 адад нуқтаҳои фурўши гази моеъ фаъолият дорад, ки назар ба соли гузашта 75 адад бештар мебошад.

Вазорати энергетика ва саноат дар қатори воридкунандагони асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ширкати Тоҷирон, Газпромнафт - Тоҷикистон, «Зет – Газ» ва «Фароз»-ро номбар мекунад.
XS
SM
MD
LG