Пайвандҳои дастрасӣ

БМ: "Боварии мардум ба бонкҳо бештар шудааст"


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, мардум ва ширкатҳо дар бонкҳои кишвар ҳудуди 4.6 миллиард сомонӣ пасандоз доранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои кишвар, охирҳои соли 2012 ба 4.6 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ, наздики 12 дарсад бештар мебошад.

Фоизи миёнае, ки бонкҳои Тоҷикистон барои пасандозҳо пардохт мекунанд, поин рафтааст ва айни ҳол ба иттилои Бонки миллӣ, бо пули миллӣ ба 15,73 дарсад ва бо асъори хориҷӣ ба 12,94 дарсади солона баробар шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо камшавии фоизи ҷалби пасандозҳо, додани қарзҳои бонкӣ ҳам дар Тоҷикистон бояд арзонтар сурат гирад. Аммо дар Тоҷикистон пешниҳоди қарз бо асъори хориҷӣ ба ҳисоби миёна 2,72 дарсад зиёд шуда, охири соли 2012 ба 24.71 фоизи солона баробар гардидааст.

Додани қарз бо асъори миллӣ дар охири соли 2012 ба ивази 21,18 фоизи солона сурат мегирифт, ки ба иттилои Бонки миллӣ, нисбати соли пешӣ наздики ду дарсад камтар аст.

Дар маҷмӯъ, Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бақияи қарзҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 9,2 фоиз афзуда, ҳудуди 5.1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG