Пайвандҳои дастрасӣ

Як маҳбус дар зиндони мавсум ба "Кирпичний" воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, худро ба дор овехта ва ҷон додааст.

Маҳмадулло Шафиев, аз наздикони Файзулло Мансуров, сокини деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз ба «Озодӣ» гуфт, ки 30-юми декабр Файзулло бо сабабҳои барои онҳо номаълум, худашро дар маҳбаси "Кирпичний" ба дор овехтааст.

Маҳмадулло Шафиев афзуд, вақте ҷасадро ба онҳо доданд, дар бадани вай осори озору шиканҷа ва латту куб дида намешуд ва танҳо дар гарданаш доғи сиёҳ ҷой дошт. Аммо ҷаноби Шафиев меафзояд, ки дӯстони Файзулло дар маҳбас нақл кардаанд, ки вай аз вазъи тангу шароти сахти маҳбас шикоят мекард.

Файзулло Мансуров бо ҷурми куштор бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои 25 сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи зиндон шуд буд.

Дар ҳамин ҳол Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин қазия гуфт, ки сабабҳои ҳодисаро мушаххас намуда ва ба матбуот изҳор хоҳанд дошт.

Ба иттилои манобеъи расмӣ, дар соли гузашта дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2, мавсум ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат, се зиндонӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Тибқи иттилои манобеи "Озодӣ", дар моҳи июни соли гузашта Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом ба далоили норӯшан дар утоқе худро ба дор овехтааст. Дар таърихи 22-уми июн бошад Алишер Қосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе дар бемористони маҳбас ва рӯзи 26-уми июн Аҷик Қаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархор аз захми теғи ба пои худ задааш, ки таркиби хунашро заҳролуд кард, фавтидаанд. Аммо аз худкушии маҳбуси дигар - Далер Азизов ҷилавгирӣ шудааст, ки дар вақти муоина дар гарданаш ҷароҳатҳо аз теғи алмос мушоҳида шудааст.

Қаблан дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" мақомоти Сарраёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи беназмиҳо ва марги маҳбусон дар маҳбаси мазкурро рад карда буданд. Аммо пас аз ин ҳаводис, бино ба иттилои расонаҳо, додситонӣ алайҳи сардухтури маркази тиббии Муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат дар робита ба ду «худкушӣ»-и мармуз дар ин муассиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кард. Дар соли гузашта Ботурхон Исмоилов, сарвари муассисаи ислоҳии ЯС 3/2 - и Ваҳдат ва муовинаш аз вазифаҳои худ барканор шуданд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG