Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро дар ҳавопаймои Маскав - Хуҷанд


Тайёраи ширкати ҳавоии «Сибир», ки аз Маскав ба Хуҷанд парвоз кардааст, барои ҷанҷоли шаҳрванди Тоҷикистон дар саҳни ҳавопаймо аз нимароҳ ба Маскав баргаштааст.

Тавре хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, рӯзи гузашта, замоне тайёра аз Маскав парида, аз болои минтақаи Самара мегузарад, шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили он ҷанҷол бармехезонад ва бо зӯрӣ талош мекунад, ба утоқи ҳавонавардон ворид гардад. Дар ҳамин ҳол сарнишин қарор мекунад, ки ба Маскав баргардад ва соати 00 : 30 дақиқа бо вақти Маскав дар фурудгоҳи "Домодедова" нишастааст.

"Интерфакс" хабар медиҳад, ки айни ҳол шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст ва тайёра баъди гирифтани сӯзишворӣ аз нав ба Хуҷанд парвоз намудааст.
XS
SM
MD
LG